11 -умин Ҷоми футзали Осиё барои мунтахаби Эрон
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар шаҳри Тошканд Чемпионати Осиё оид ба футзал ба поён расид. Дар вохӯрии ниҳоӣ соҳибони толор -футзалистони Узбекистон бо мунтахаби Эрон ба дидори ҳам рафтанд. Футболбозони Узбекистон дар дақиқаи 6-ум бо голи Дилшод Ирсалиев ба сафи пеш баромаданд. Баъди се дақиқа Қудрат Баҳодурӣ натиҷаро мусовӣ кард. Голи капитани мунтахаби Эрон Муҳаммад Кишоварз имкон надод, ки мунтахаби Ӯзбекистон дар майдонаш ба гирифтани аввалин унвони чемпиони Осиё комёб шавад. Мунтахаби Эрон бошад, маротибаи 11-ум соҳибунвон гардид.
Дар мусобиқа барои ҷои сеюм Ветнам ва Таиланд, ки дар як гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон қарор доштанд, барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ бо ҳам бори дигар қувва озмуданд. Ин маротиба низ таиландиҳо соҳиби бартарӣ буданд ва дар натиҷа бо ҳисоби 8 бар 0 ғалаба карда, мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбекистон, Таиланд, Вентам ва Австралия соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Колумбия гардиданд. Тими мунтахаби Қирғизистон низ қариб буд ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирад, аммо бохт бо ҳисоби 3 бар 1 аз мунтахаби футзали Австралия ин дастаро аз чунин имконият маҳрум кард.








Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад






