А. Исломзода: « Дастрасии аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дар ду сол то 10% афзудааст»

Февраль 25, 2016 09:02

Душанбе, 25.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Беш аз 57 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ки аз ин омор танҳо 12 фоиз ба деҳот ва боқимонда ба шаҳрҳо рост меояд»,- гуфт Алимурод Исломзода, директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нӯшокӣ, таъминоти оби ошомиданӣ ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард, ки омори дастрасии мардуми кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ ду сол қабл 47 фоизро ташкил медод.
Дар ҷаласа ҳамзамон Султон Раҳимзода- муовини аввали
вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбирҳои таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ, таҷдиду навсозии низоми обрасонию корезӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар ин бахш Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон намояндагони Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Оксфам, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва коршиносон доир ба паҳлӯҳои татбиқи лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон, «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020», таъмиру таҷдид ва рушди шабакаҳои обрасонӣ, роҳҳои самараноки ташкили низоми оби нӯшокӣ ва соири масоили марбут ба таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар кишвар ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи якуми лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон соли 2014 амалӣ шуд. Дар натиҷаи он дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи оби нӯшокӣ» қабул гардид. Инчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ се нуқтаи обрасонӣ сохта шуд.
Марҳилаи дуюми лоиҳа аз ду қисм- таҳлилию тадқиқотӣ ва амалӣ иборат аст. Дар асоси қисми амалии он интизор меравад, ки дар се ҷамоати минтақаи Кӯлоб нуқтаҳои обрасонӣ сохта шаванд. Инчунин қисми тадқиқотии лоиҳа фарогири масъалаҳои таҳлилию қонунгузорист. Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон доир ба усулҳои босамари тиҷорат барои ташкили хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон, шаклҳои гуногуни ташкилие, ки барои истифодаи низомҳои оби нӯшокӣ муҳиманд, хусусан шаклҳои нави идораи низоми оби нӯшокӣ, ки дар маҳалҳо интихоб ва истифода менамоянд, истифодаи шаклҳои мавҷуда, аз ҷумла таҳлили муқоисавӣ дар доираи қонунгузории миллӣ табодули назар карда, пешниҳодҳои самарабахш ироа намуданд.

Февраль 25, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»