А. Наимӣ: Гурӯҳи тафтишотӣ зарари ба давлат расонидаи А. Назарзода ва М. Кабириро ошкор намуда истодааст
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Дар асоси қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар 12 биною иншоот ва ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардонидашудаи мутааллиқ ба собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурусти асосноккунии хусусигардонии онҳо гузаронида шуда истодааст. Танҳо дар 8 иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст»,- иброз намуд Аламхон Наимӣ, муовини авали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Аламхон Наимӣ инчунин аз ҷониби кормандони агентӣ, ки ба гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ шомил шудаанд, 42 бинои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯй молу амволи дигар ошкор гардиданд.








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






