Қабули «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли равон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид.
Барномаи мазкур бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо бобати ислоҳот ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ нигаронида шуда, амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Мақсади асосии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа, татбиқи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа мебошад.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






