«ADDED VALUE CORPORATION» барои терминали боркашонӣ таҷҳизот мехарад
Душанбе, 02.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар оянда фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои терминали боркашонӣ мегардад. Татбиқи ин тарҳи нави байнидавлатӣ- бунёди терминали боркашонӣ соли гузашта оғоз гардид. Тарҳи мазкур аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «JICA» доир ба беҳтар намудани инфрасохтори «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маблағгузорӣ мешавад.
Дар асоси нақшаи корҳо моҳи ноябри соли 2015 дар Токио тендери байналмилалӣ барои муайян намудани ташкилоти пудратчӣ -таъминкунандаи асосии таҷҳизоти иншоот гузаронида шуд, ки дар он ширкати байналмилалии «ADDED VALUE CORPORATION» ғолиб омада, барои харидории таҷҳизоти терминал- низоми фуруди автоматии хавопаймоҳо (низоми ILS), низоми чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи хавопаймоҳо (низоми PALS) муваззаф гардид. Алҳол аз ҷониби машваратчии лоиҳа -ширкати «Nippon Koei» дар мавриди гузаронидани тендери байналмилалӣ барои интихоби пудратчии асосии сохтмони терминали боркашонӣ корҳои омодагӣ идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки бо бунёди чунин терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе афзоиш ёфта, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии интиқолдиҳандаи бор, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, ба бунёди шабакаи васеи хатсайрҳои транзитӣ муосидат менамояд.
Дар маҷмӯъ сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар самти татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии кишварамон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муассир мебозад.








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






