Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз “Барқи Тоҷик” қарздор аст

Февраль 4, 2016 16:12

Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Як мушкилии асосии соҳа ҷамъоварии маблағ мебошад, ки ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба ташвиш овардааст ва ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад»,-гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим.
Новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи қарзи агентии мазкур 242,9 млн. сомонӣ ҳисоббаробаркунӣ шуда, аз соли 2010 то ин ҷониб нисбат ба онҳо тарофаи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, дар соли 2015 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 29,5 млн.сомонӣ энергияи барқро истифода намуда, пардохти онро ҳамагӣ ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ (7,8%) таъмин намуданд, ки ин ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ мерасонад.
Бо мақсади кам намудани қарзҳои дебиторӣ ва рўёнидани маблағи энергияи барқ аз истифодабарандагон, ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2015 ба муштариён 2079 даъво ба маблағи 112,3 млн. сомонӣ пешниҳод намуд, ки аз маблағи умумии даъвои пешниҳодшуда 35,5 млн. сомониаш пардохт шудааст. “Инчунин дар асоси муроҷиатҳои Ширкати “Барқи Тоҷик” аз тарафи мақомоти суди иқтисодӣ дар ин давра 59 аризаи даъвогӣ баррасӣ гардида, ҳалномаҳо ба маблағи 33,0 млн. сомонӣ ба манфиати ширкати «Барқи Тоҷик» ҳал гардиданд”,-илова намуд раиси “Барқи Тоҷик”.

Февраль 4, 2016 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд