Ғалабаи аввалини «Истиқлол» баъди 9 бозӣ

Февраль 10, 2016 09:58

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Чемпиони феълии Тоҷикистон клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар 9-умин бозии таҷрибавиаш дар доираи омодагӣ ба мавсими нав бар тими “Витлих”-и Олмон дар Туркия ғалаба ба даст овард.
Футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳариф 4 тӯби беҷавоб заданд. Се голро Манучеҳр Ҷалилов ва як голи дигарро Дилшод Восиев ба самар расониданд. Аз ин пештар “Истиқлол” 5 бозиро мусовӣ ва се бозии дигарро бо мағлубият ҷамъбаст карда буд. Акнун рӯзи 12 феврал “Истиқлол” дар бозии охирини дӯстона бо клуби футболи “Шахтёр”-и Қазоқистон вориди майдон мешавад ва марҳалаи дуввуми тайёриро ба мавсими нав дар Туркия ба анҷом мерасонад.

Февраль 10, 2016 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд