Ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ дар Душанбе баргузор мегардад

Февраль 29, 2016 07:53

Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15-16 марти соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли равонро муҳокима мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, дар назар аст. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор хоҳанд кард.

Дар кори ҷаласа раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, роҳбарони агентиҳои иттилотии давлатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Пазироии иштирокдорони ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон, боздиди онҳо аз ҷойҳои тамошобоби Душанбе ва атрофи он, инчунин вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва донишҷӯён дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ 3 ноябри соли 1995 бо Созишномаи ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкории иттилоотӣ созмон дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии агентиҳои иттилоотии давлатии аъзои Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ маълумот додан ба аҳолӣ оид ба равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳод мебошад. Шӯрои агентиҳои итилоотии давлатии ИДМ ба масъалаи ҳамкорӣ барои аз худ намудани технологияҳои муосири ВАО ва истифодаи васеи он таваҷҷуҳи зиёдр зоҳир менамояд.

 

Февраль 29, 2016 07:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид