Бохти “Хуҷанд” дар Фаластин

Февраль 10, 2016 09:15

Душанбе, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»). «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо вуҷуди тайёрии пухта дар ягона бозии то гурӯҳии Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё аз ҳарифи нисбатан пурқувваташ “Аҳлӣ Алхалил”-и Фаластин бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб шуд.
Дақиқаи 21-ум барои хуҷандиҳо нобарор омад ва голи задаи Маҳмуд Водӣ клуби футболи “Аҳлӣ Алхалил”-ро ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё роҳнамун сохт. Дар радифи ин бозиҳо дастаи ҳамсоякишвари мо “Алай”-и Қирғизистон низ аз дастаи “Триполӣ”-и Лубнон дар задани зарбаҳои 11-метраи баъди бозӣ бо натиҷаи 7 бар 6 мағлуб шуд.
“Балкан”- и Туркманистон ҳам дар сафар аз клуби футболи “Алҷайш”-и Сурия бо натиҷаи 2 бар 0 шаҳди бохтро чашид. Дар бозии сеюми рӯз “Алҳидд”-и Баҳрайн “К Электик”-и Покистонро бо ҳамон натиҷаи 2 бар 0 паси сар гузошт. Акнун ин дастаҳо муборизаро барои Ҷом дар гурӯҳҳо идома медиҳанд.

Февраль 10, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд