Боздиди 400 ҳазор сайёҳ аз вилояти Суғд
Душанбе, 03.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Мушкилот ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар шароити муосири иқтисодӣ дар ҷараёни мизи мудаввар аз ҷониби иштирокдорони маҳфили «Суғдиён» баррасӣ гардид. «Дар соли 2014 ба вилояти Суғд ҳамагӣ 200 ҳазор нафар сайёҳ ташриф оварда буд. Дар соли 2015 шумораи онҳо аллакай ба 400 ҳазор расид. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар давоми як сол Тоҷикистон дар самти афзоиши бахши сайёҳӣ (пас аз Парагвай) дар ҷаҳон ҷойи 2-юмро ишғол кард (Тоҷикистон-94%, Парагвай-97% дар як сол)», -изҳор дошт муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Аҳрорхон Хоҷаев.
Мавзехҳои Панҷакенти қадим, Айнӣ, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл, обанбори «Баҳри Тоҷик» бештар мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ба вилояти Суғд бештар сайёҳон аз Аврупо, Амрико, Австралия ва Русия ташриф меоранд. Дар давоми истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 2015 аввалин маротиба аз буҷаи вилоят маблағҳо барои рушди туризм ҷудо гардиданд. Дар соли 2016 ин маблағ 215 ҳазор сомониро ташкил кард. Ба гуфтаи муаллими калони кафедраи иқтисодиёти Донишкадаи иқтисод ва савдои ҷаҳон дар шаҳри Хуҷанд Карим Ақназаров, яке аз масъалаҳои муҳим- ин бақайдгирии нопурра ва носаҳеҳ ташрифи сайёҳони хориҷӣ мебошад. Низоми мавҷудаи бақайдгирии сайёҳони хориҷӣ ҷараёни воридшавии сайёҳонро ба Тоҷикистон ва таъсири хароҷоти сайёҳон ба иқтисодиёти ҷумҳуриро пурра ва воқеӣ инъикос намекунад. «Ғайр аз ин тамоми муомилоти пулӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба тариқи нақд сурат мегирад, ки ин ҳолати воқеии пардохти дуҷонибаи агентиҳои сайёҳӣ, операторҳо ва соҳибони иншооти сайёҳиро пинҳон мекунад», -илова намуд К. Ақназаров.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






