Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 37 млн. доллар ҷудо намудааст
Душанбе, 17.02.2016. /АМИТ “Ховар”/.-«Британияи Кабир дар тӯли панҷ соли охир дар ҳаҷми 75 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои мухталифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқи амалӣ қарор додааст. Илова бар ин Британияи Кабир барои татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ба маблағи 37 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим гирифтааст»,-чунин изҳор дошт дар назди хабарнигорон вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат доир гардид.
Десмонд Свейн ҳамчунин иброз намуд, ки Британияи Кабир тасмим гирифтааст татбиқи амалии минбаъдаи лоиҳаҳои дигари минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳад.
Ба гуфтаи Десмонд Свейн зимни мулоқот ҷонибҳо ба нуқтаи муҳими дигар-эҷоди ҷойҳои нави корӣ мароқ зоҳир карда, таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, тӯли даҳсолаи оянда дар миқёси ҷаҳон 600 миллион ҷойи нави кориро ба хотири ҷилавгирӣ аз гаравидани доираи ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ эҷод намояд. Ин ҷойҳои нави корӣ бояд дар Британияи Кабир, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин гуна дар тамоми миқёси ҷаҳон эҷод шаванд.








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






