Бунёди майдончаи варзишӣ дар Конибодом
Конибодом, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар Конибодом дар варзишгоҳи дохили боғи истироҳатӣ ва фарҳангии шаҳр ба бунёди майдончаи нави варзишӣ асос гузошта шуд.
Дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони ин маҷмааи варзишӣ раиси шаҳр Ғ. Боҳирӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва дигар масъулини федератсия иштирок намуданд. Маҷмааи мазкур ду майдончаи футболбозии сабзааш маснӯии замонавиро дар бар мегирад.
Бояд зикр кард, ки ҳоло дар Мактаби варзишии шаҳр ба таври умумӣ 450 нафар дар 44 гурӯҳи машқӣ ба машғулиятҳо фаро гирифта шуда, минбаъд барои онҳо шароити боз ҳам мусоид барои тамрин фароҳам оварда мешавад.