Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд

Июль 31, 2017 12:04

ХУҶАНД, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар вилояти Суғд дар доираи «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» дар ду марҳила амалиёти маърифативу профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронида шуд, ки он натиҷаи назаррас дод. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 содиршавии якчанд ҷиноят, аз қабили одамкушӣ 9 адад, қаллобӣ-113, муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор-20, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон-2 адад, муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ -8, ҷиноятҳои такрорӣ аз ҷониби ашхоси дорои доғи судӣ -20 адад кам гардид.
Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода зикр намуд.
Ба иттилои генерал, дар нимсолаи аввал ҳамчунин аз 243 ҷинояти одамкушӣ дар давраи солҳои 2011-2016 ва шашмоҳаи соли ҷорӣ содиршуда 232- тоаш ошкор карда шуд. Инчунин дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 2 амали террористӣ низ пешгирӣ ва ҷинояткорон дастгир карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ин рӯз аз ҷониби ҳайати шахсии дастаи таъйиноти махсуси милитсияи РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба рӯзноманигорон 3 машқи тактикӣ, аз ҷумла, тирпарронӣ, амалиёти шартии безараргардонии гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб ва амалиёти шартии безараргардонии гурӯҳи муташаккили террористӣ нишон дода шуд, ки он аз сатҳи баланди тайёрии харбӣ ва омодабоши доимии ин гурӯҳи зудамал баҳри ҳифзи амнияти сокинони кишвар дарак медод.

Июль 31, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ