Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим

Август 2, 2017 15:21

ДУШАНБЕ, 02.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш-фурӯши либоси мактабӣ ва дигар ашёи хониш доир гардид.
Дар оғози ярмарка-фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ бо супориши раиси  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ба 30 нафар хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия, ки ятим ва аз оилахои ниёзманд мебошанд, маҷмӯи либосҳои мактабӣ ройгон тақдим карда шуд.
Ярмарка-фурӯши либоси мактабӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ташкил карда шуда, дар он корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия маҳсулоти истеҳсолии худро пешниҳоди хонандагону волидайни онҳо намуданд.
Ба иттилои Малоҳат Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ноҳия 130 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 66 ҳазору 314 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Имсол барои омода намудани либоси тавсиявӣ ба хонандагон 15 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷалб ва айни замон қисми бештари либосҳо омода шудаанд.
Малоҳат Бобоева афзуд, ки либоси ягонаи мактабӣ аз нигоҳи иқтисодӣ, талаботи педагогика ва унсурҳои таҳсилу таълиму тарбия афзалият дорад ва байни хонандагони қишрҳои ҷомеа баробарӣ риоя мегардад.

Август 2, 2017 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ