Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд

Август 28, 2017 15:55

ХОРУҒ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳои вилоят давраҳои омӯзишӣ роҳандозӣ кард.

Директори муассисаи мазкур Ғарибшо Ғарибшоев гуфт, ки «таъсис ёфтани марказҳои рушди барвақтии кӯдакон тақозои замони муосир аст. Зеро илму технология имрӯз бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд ва каме таъхир метавонад насли наврасро аз пешрафт боздорад. Дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хонандагон аз истифодаи қаламу дафтар даст мекашанд, зеро тамоми ҷараёни таълим аз синфи аввал то ба охир ва ҳангоми шомил шудан ба донишгоҳҳои олӣ бо истифода аз технологияи ҷадид  сурат мегирад. Бо назардошти чунин омил хонандагони мо низ бояд ба чунин дигаргуниҳо аз хурдсолӣ омода шаванд. Аз ин рӯ омӯзгорон дар давоми 12 рӯз бо усулу методҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шинос мешаванд ва дар охир ба ҳамаи онҳо дастурамалу ёддоштҳо ва китобҳое, ки солҳои охир оид ба рушди барвақтии кӯдакон ба нашр расидаанд, тақдим карда мешаванд».

Ҳоло шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  ба 30 адад расидааст.

Август 28, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ