Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард

Сентябрь 7, 2017 11:34

ЁВОН, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи “Чу-Чу”-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Муқимов бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд,  бинои мазкур аз 4 ҳуҷра иборат буда, дорои 4 ҷойи кори доимӣ мебошад ва ба зиёда аз 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Бунгоҳи тиббии деҳа бо маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ тариқи ҳашари умумии аҳолӣ сохта шуда,  бо маблағгузории ҳукумати ноҳия дар ҳаҷми  30 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

Ҳамза Раҳимов, сокини деҳаи мазкур гуфт, ки дар арафаи иди  Истиқлолият орзуи деринаи сокинони ин деҳа амалӣ гардид.

Сентябрь 7, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ