Бунёду барқарорсозии 5 пул анҷом дода шуд
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2015 бо истифодаи 24,7 миллион сомонӣ маблағи аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои сохтмони асосӣ ҷудогардида дар 29 иншоот корҳои бунёдию барқарорсозӣ бурда шуда, 6 иншоот бо маблағи умумилоиҳавии 29,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла бунёди пул аз болои дарёи Ванҷоб дар километри 456-уми роҳи мошингарди Душанбе — Қулма барои истифода супорида шуданд. Дар ин бора имрӯз, 3 феврал вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо маблағгузорӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ бунёду барқарорсозии 5 пул бо дарозии умумии 241 метр анҷом дода шуд.
Бино ба гуфтаи вазир, аз ҳисоби маблағҳои Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои иҷрошудаи барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,1 миллион сомонӣ ҷудо гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






