Чорабинии фарҳангӣ дар Театри давлатии академии опера ва балет

Февраль 24, 2016 10:01

Душанбе, 24.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратии мамлакат, ҳамчунин афсарону сарбозон ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор шуд.
Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба хизматчиёни ҳарбӣ расонида шуд. Зимни чорабинӣ аз таърихи таъсис ва ташаккули минбаъдаи Артиши миллӣ ва дастоварду муваффақиятҳои он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, таъкид гардид, ки бо гузашти бештар аз ду даҳсола, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аллакай ба иқтидори бузурги мудофиавӣ табдил ёфтаву таъмини амнияту суботи имрӯзаи кишварро ба пуррагӣ бар дӯш доранд.
Аз он ёдоварӣ шуд, ки имрӯзҳо давлату ҳукумат барои боз ҳам беҳтар кардани шарту шароити буду бош дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳдошти заминаи моддиву техникӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳалли мушкилоти маишии афсарону сарбозон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар навбати худ аз тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ҳам даъват шуд, ки ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳои пайваста, рисолати бардӯшдоштаашонро содиқона иҷро карда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ намунаи олии муҳофизатгар ва ватандӯст будани худро собит созанд, зеро пешрафти босуръати ҷомеаи муосир, дар баробари равандҳои мусбат пайовардҳои манфиро, аз қабили терроризму экстремизм ҳам дар пай дорад ва ин аз ҳар нафар хизматчӣ омодабошии доимии ҳарбӣ ва малакаи кор бо техникаи муосири соҳавиро тақозо мекунад. Сипас ба хотири таъмини фароғати ҷамъомадагон, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар пешниҳод гардид.

Февраль 24, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд