Дар содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ соҳаи бонкии ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешсафанд

Февраль 2, 2016 10:31

Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар давраи ҳисоботӣ шумораи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату кумитаҳо, аз ҷумла Прокуратура-6 адад, вазоратҳои корҳои дохилӣ-63, мудофиа-20, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-10, Агентии назорати маводи нашъаовар-5, Шӯрои адлия-6, Вазоратҳои адлия-32, нақлиёт-13, кишоварзӣ-30, энергетика ва захираҳои об-6, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ-30, саноат ва технологияҳои нав-18, молия-1, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ-28, кумитаҳои телевизион ва радио-3, ҳифзи муҳити зист-7, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ-2, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ-2, андоз-23, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо-2, соҳаи бонкии ҷумҳурӣ-163 адад, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ-266 адад, соҳибкорони инфиродӣ — 281 адад ва ба соҳаҳои маориф ва илм-68 адад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-76 адад рост меояд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Аламхон Наимӣ, муовини аввали директории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар таъкид намуд.
Ба иттилои роҳбарияти агентӣ аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 178 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот содир намудаанд.

Февраль 2, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд