Дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории вируси Зика ба қайд гирифта нашудааст
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати беморӣ аз вируси Зика ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази аврупоии назорат ва пешгирии бемориҳо, оғоз аз апрели соли 2015 дар Бразилия ва баъдтар дар дигар давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ паҳншавии эпидемикии табларзаи Зика (ТЗ) ба қайд гирифта мешавад. Паҳнкунандаи ин вирус хомӯшакҳо мебошанд. То ин ҷониб дар 18 иёлоти Бразилия тақрибан ним миллион ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи манбаъҳои маълумотӣ то ҳол табобати махсус ва ё ваксина бар зидди ТЗ кашф нашудааст. Ягона роҳи самарабахши мубориза бар зидди ТЗ нобудсозии хомӯшакҳои интиқолдиҳандаи вирус ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, мутахассисони соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои осебпазир бояд аз маводи ҳимоят аз хомӯшакҳо, репелентҳо ва либосҳои мустаҳками маҳкамкунандаи аъзои бадан истифода бурд. Ҳангоми зистан дар меҳмонхонаҳо барои иваз кардани ҳавои ҳуҷраҳои истиқоматӣ танҳо аз дастгоҳҳои барқии ҳавоивазкунанда истифода намуда, аз кушодани тирезаҳо, агар ба онҳо тӯри зиддимагасӣ насб нашуда бошад, худдорӣ намоянд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми пайдо шудани нороҳатӣ пас аз баргаштан аз минтақаҳои осебпазир ҳатман ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ муроҷиат намоед.
Аломатҳои бемории вируси Зика- ин ҳарорати на он қадар баланди бадан, дарди сар ва андом, пайдошавии доначаҳо, аввал дар рӯй ва тана, баъд паҳншавии онҳо дар тамоми бадан, илтиҳоби пардаи чашм, бемадорӣ ва табларза.
Беморӣ то як ҳафта (аз 2 то 7 рӯз) давом меёбад, давраи ниҳонии беморӣ аз 3 то 12 рӯзро ташкил медиҳад. Дар бисёр мавридҳо беморӣ бидуни аломатҳо сурат мегирад. Вирус хосияти то 2 ҳафта зиндамониро дар моеъи тухмдонҳо пас аз сиҳатшавӣ қодир аст. Бинобар ин, интиқоли вирус аз хун ба хун ва аз модар ба кӯдак аз эҳтимол дур нест. Инчунин маълумот оид ба воридшавии вирус аз ҳамроҳак ба ҷанин низ мавҷуд аст. Махсусан зиёд гардидани шумораи кӯдакон бо нодуруст афзоиш ёфтани косахонаи сар (микросефалия) дар Бразилияро ба сироятёбии занони ҳомила ба вируси табларзаи Зика вобаста мекунанд. Ба ҳисоби миёна дар Бразилия аз соли 2010 то соли 2015 ҳар сол аз 150 то 200 кӯдак бо аломатҳои микросефалия таваллуд мешаванд. То ин ҷониб дар Бразилия 2 ҳазору 782 ҳодисаи микросефалия ба қайд гирифта шудааст.
Барои муайян намудани ташхиси бемории вобаста ба вируси Зика усули замонавии ТЗП (таҷзияи занҷираи полимеразӣ) истифода мешавад. Усули серологии ташхис имкон намедиҳад, ки ташхисро ба пуррагӣ тасдиқ намоянд, чунки эҳтимолияти мавҷуд будани дигар вирусҳо дар бадани инсон мумкин аст натиҷаи мусбати нисбиро диҳад.
Бо назардошти он ки беморӣ бисёр сабук мегузарад, чунин чораҳои табобатӣ пешниҳод мешаванд, аз ҷумла, истироҳати бардавом, нӯшидани зиёди маҳлулҳо ва истеъмоли дорувории табшикану дардшикан ва зиддиилтиҳобӣ. То ин ҷониб ваксина бар зидди беморӣ ва вируси Зика кашф нашудааст.








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






