Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст

Февраль 8, 2016 09:56

Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Инсонҳои комилу масъулиятшинос, ватандӯсту ватанпарвар дар кадом  гӯшаи олам, ки набошанд, пайваста бо ёди Ватан ва ободии онанд. Ин нафарон мекӯшанд, ки номбардори  миллату Ватан бошанд. Ва беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки: «Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст».

Яке аз чунин ҳамватанони баори мо — собиқ мутахассиси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Муҳаммадӣ Давлатов мебошад, ки  солҳои зиёд  барои фаъолияти пурсамари  муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, бахусус дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дур  саҳми босазо гузоштааст. Нахустин ҳамкории мо бо М. Давлатов 6 сол қабл, вақте ки мо аз шаҳри Омск  барои аз наздик шинос шудан бо ҳаёту фаъолиятии ҳамватанони дар минтақаи Сибир будаамон, ба шаҳри Новосибирск сафар мекардем, ба вуқуъ пайваста буд. Моро дар вокзали роҳи оҳани Новосибирск ҷавонмарди либоси расмӣ ба бар  бо чеҳраи гарму самимии  тоҷикона пешвоз гирифт. Ҳанӯз қабл аз сафар ба Новосибирск ҳамватанонамон дар бораи  дастгириву  мададгории ӯ ба   муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ватандӯсту масъулиятшинос будани  Давлатов маълумот дода буданд. Фурсат даст доду мо вохӯрда, ҳамсуҳбат гардидем. Суҳбати мо дар мавзӯи  бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намудани  муҳоҷирони тоҷик, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони русиро омӯхтани ҷавонони тоҷик, чораҳои заруриву  саривақтии аз урфу одат, оинҳои миллиамон дур нашудани ҳамватанонамон ва дар хусуси ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишу касбомӯзӣ ва аз таблиғотгарони манфури экстремистӣ дур нигоҳ доштани онҳо мерафт. Зимни  суҳбат ба ӯ гуфтам, ки мо ният дорем нахустин бор дар минтақаи Сибир  ҷашни истиқлолияти Ватанамонро гузаронем ва кумаки Шумо  зарур ҳаст. Дар як муддати кӯтоҳ Давлатов бо ҳамроҳии аъзои фаъоли ҷамъияти  тоҷикон бо номи «Дӯстӣ», аз қабили Сияршо Абдуҷабборов, Салим Икромов, Эмомалӣ Авазов, Раҳимҷон Бобоҷонов ва дигарон барномаи чорабиниро ташкил карда, пешниҳод карданд, ки хуб мешавад агар тамоми ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаи Сибирро дар маркази Сибир-  шаҳри Новосибирск даъват карда, ҷашни истиқлолияти Ватани азизамонро гузаронем.

Дар рӯзҳои  ҷашни Ваҳдати  миллӣ ва Истиқлолияти ЧТ аз вилоятҳои Кемерово, Новокузнетск, Омск, Ҷумҳурии Автономии Хакасия, Томск, Красноярск  ҳамватанон ҷамъ омада, якдилона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ин идҳоро таҷлил карданд. Мувофиқи маслиҳати ҳамватанонамон аз ҳукумати  вилояти Новосибирск намояндаро  даъват намудем, ки дар чорабинӣ ва зиёфати калони ба ин муносибат доир гардида ширкат варзида, суханронӣ карда, бори дигар ба фарҳанги қадимаву таърихи бой ва меҳмондӯстиву ободкориҳои мардуми мо ва дӯстии миёни Тоҷикистону ФР баҳои баланд доданд. М. Давлатов дар солҳои фаъолияташ дар минтақаи Сибир дар Шарқи дур ташаббускориву ватандӯстӣ нишон дода, чорабинҳои калони ватаниамонро дар сатҳи баланд ва бо иштироки доираи васеи ҳамватанон ва меҳмонон гузаронид.

Ҳеҷ аз хотирам намеравад, вақте ки дар Новосибирск, Хабаровск, Благовешенск ҷашнҳои муқаддасу олишони ваҳдату истиқлолияти ватанамонро мегузаронидем, бонувону ҷавонмардони тоҷик ашк мерехтанд, ашки шодиву  миннатдорӣ, ашки ифтихормандӣ аз он ки онҳо ватандору парчамдоранд ва метавонанд дар гӯшаҳои дури олам ҳам идҳои миллии худро сарбаландонаву бо орияти баланд ҷашн бигиранд. Дар солҳои фаъолияти худ М. Давлатов мунтазам бо вохӯриҳои судманди корӣ тавонист барои садҳо муҳоҷири корӣ дар корхонаҳои калонтарини минтақаи Сибир чои кор дарёфт намояд, то онҳо бо шароити хуб  таъмин бошанд. Лозим ба ёдоварист, ки тариқи квотаи президентӣ ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳхои ФР, бахусус шаҳри Новосибирск ва дигар минтақаҳои Сибир таҳсил мекунанд ва яке аз нақшаҳои асосии кори ӯ вохӯриҳои мунтазам бо донишҷӯён ва устодону омӯзгорони ин донишгоҳҳо буд.

-Ҳадафи асосии мо дар ин давраи ҳассос, ки баъзе аз ҷавонон аз нофаҳмию бесаводӣ, дур будан аз волидони хеш ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯи террористӣ, ки дар асл душмани асосии дини мубини исломанд, меафтанд, ба донишҷӯён ва ҷавононе, ки барои кор кардан ба минтақаи Сибир омадаанд, маълумоти мукаммал додан дар бораи Ислом, дар бораи он ки ин равияҳои ифротгаро ба дини мубини Ислом ягон иртибот надоранд, баръакс ин равияҳо нақшаҳои  бадномкунанда аз ҷониби душманони дину оини моянд, — мегӯяд Давлатов. Ҳамчунин  бо ибтикори бевоситаи намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР бо донишҷӯёне, ки аз оилаҳои ниёзманданд, вохӯрда, бо устодони донишгоҳҳо маслиҳат карда, ба онҳо аз ҳисоби донишгоҳ ва ҷамъиятҳои тоҷикон кумаки моддӣ мерасониданд. Беҳтарин баҳо ба фаъолияту заҳматҳои ҳар як фард ин баҳои халқ аст ва мо ин гуфтаҳоро дар ҳаққи Мухаммадӣ Давлатов баръало ҳис  мекунем, зеро дар минтақаи Сибир ва Шарқи дур, ки фаъолияти пурсамар доштанд, тавонистанд маҳз бо масъулиятшиносиву содиқ будан ба сиёсати  давлату Ҳукумати ҶТ, дастгириву  фаҳмондадиҳӣ ва дар амал татбиқ кардани сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватаноне, ки дар соҳаҳои гуногуни роҳбариву соҳибкорӣ дар ин шаҳрҳо фаъолият доранд, дуруст ба роҳ монанд. Муҳаммадӣ Ғайратович зикр намуд, ки ҳар яки мо, новобаста аз он, ки дар кадом сатҳ  фаъолият дорем, бояд қабл аз ҳама,  ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расем.

Дар интиҳо гуфтанием, ки кош сафи чунин ҳамватанони бо нангу ори  тоҷик зиёд гардад, то дар муҳоҷират пайваста такягоҳи мардум ва номбардори Тоҷикистон бошанд.

 

Душанбе-Новосибирск.

 

 

Таҳияи Садбарг Боқиева

 

 

 

 

 

Февраль 8, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид