Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 12 кило маводи нашъадор
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат сокини 35-солаи ноҳияи Ҳисорро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 9 килою 534 грамм маводи нашъадори афюн, 1 килою 914 грамм героин ва 4 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо ҷурми ҷинояти мазкур сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб дастгир гардид. Кормандони фаврии мақомот ҳангоми кофтукови шахсии дастгиршуда, аз ӯ 1 килограмм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар маҷмӯъ вазни умумии маводи нашъадор 11 килою 452 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






