Хуҷанд: Рӯзи Модар таҷлил мешавад
Хуҷанд, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 8-уми марти соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи Модар таҷлил мешавад.
Рӯзи Модар бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми Модар дар ҷомеа ҷашн гирифта мешавад.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар гузаронидани конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», вохӯриҳо, конфронсҳо ва мизҳои мудаввар барои шинохти мавқеъ ва эҳтироми модарон дар ҷомеаи муосир, аёдати занони собиқадор ва қаҳрамонони меҳнат дар назар аст.