Хуҷанд: Роҳандозии ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идораи мақомоти иҷроия
Хуҷанд, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 17 майи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Ҳафтаи идора бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шиносоии донишҷӯён бо низоми давлатдорию идора мебошад.
Интихоби довталабон барои иштирок дар ҳафтаи идора дар асоси озмун ба роҳ монда шуда, барои иштирок донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4 -и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, тавсия мешаванд.