Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи нассоҷии Истанбул

Февраль 3, 2016 08:33

Душанбе, 3.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Панҷ корхонаи ресандагӣ — “Ваҳдат Текстил”, “Олим Текстайл”, “Ресандаи Тоҷикистон РБТ”, “Тента-Кӯлоб” ва “ХИМА Текстил” анъанаи идомаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул идома дода, аз 4-ум то 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мешавад ва корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайдарпай дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат» дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Мавлуда Киромова, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллапарварии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ки бо мусоидати МТБ ҳайати кишварро дар намоишгоҳ ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул, ки дар он маҳсулоти босифат ва аз нигоҳи экологӣ безарар ба намоиш гузошта мешавад, макони хубе барои оғози мавсими нав мебошад. Намоишгоҳ ба ширкатҳои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар вохӯранд, брэнди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда, тоҷирон ва созмонҳои ғайриҳукуматии соҳа тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд. Аъзои ҳайати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад.
Илҳомҷон Мирзоев, роҳбари ширкати “Ваҳдат Текстил” мегӯяд: “Ман мутмаинам, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид хоҳад буд. Ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозимӣ доир ба таҷҳизоти замонавӣ низ хоҳем гирифт”.

Февраль 3, 2016 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд