Ислом зидди исрофкорист
Душанбе,12.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-11 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Таълимоти ислом доир ба сарфа ва сариштакорӣ» баргузор шуд.
Муовини ректор оид ба таълими донишкада Шукрулло Хайров зикр намуд, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур тавзеҳу ташреҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба танзими ҷашну маросим буда, барои донишҷӯён аз манфиат холӣ нест.
Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Мавлонов бо овардани мисолҳо аз оёти Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ дар бораи куфр будани исроф, ифрот ва риёкорӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки дини ислом бар зидди исроф ва зиёдаравист. Исрофкорӣ имрӯзҳо ба таври дигар зуҳур карда истодааст, яъне он маърака ва ҷашнҳое, ки аз рӯи қонун гузаронидани онҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст, аз тарафи бархе аз шаҳрвандон бо дабдаба ва хароҷоти зиёд гузаронида мешаванд. Ин нафарон барои худнамоишдиҳӣ ин маъракаҳоро меороянд, ҳол он ки метавон ин маблағро барои корҳои хайру савоб дар роҳи дастгирӣ кардани ятимону ниёзмандон сарф намуд.
Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Сино Исматулло Саъдуллоев иброз дошт, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ ва устувории ҳаёти иҷтимоӣ амали бениҳоят хайрро анҷом дод, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Худи мардум бояд дарк намоянд, ки ин қонун барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






