Истеҳсоли консерваҳо, маснуоти макаронӣ ва равғани растанӣ кам шуд
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2015 дар ҷумхурӣ ба маблағи 12173,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2014 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 111,2 фоизро ташкил кард.
Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 1639,3 млн. сомонӣ, саноати коркард 7985,7 млн. сомонӣ, истеҳсолу тақсимоти қувваи барқ, газ ва об 2548,4 млн. сомониро ташкил дод.
Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, дар давраи ҳисоботи истихроҷи ангиштсанг ва ангишти бўр, газ, истихроҷи нафт, намаки ошӣ, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли гўшт, ҳасиб, истеҳсоли маҳсулоти шири холис, равғани чорво (маска), маргарин, биринҷ, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзоли резинӣ, дару тирезаҳо аз чўб, асфалт, собуни хоҷагӣ ва мушкин, семент, оҳаки бинокорӣ, тахтасангҳои мармарин, арматураи сохтмонӣ, трасформаторҳо, маснуоти кабелӣ, плитаҳои тарабхона, лампаҳои каммасраф ва светодиодӣ, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайраҳо афзуд.
Ҳоло истеҳсоли консерваҳо, маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ, меваи хушк, арақ, коняк, нахи-пахта, калобаи пахтагин, газворҳо, қолин ва маснуоти қолинӣ, чарм, бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, маснуот аз пластикаи филизӣ, мех ва қубурҳои пластикӣ кам шудааст.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






