КМИР ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро тасдиқ кард

Февраль 24, 2016 15:45

Душанбе, 24.02.2016.(АМИТ «Ховар).- Рӯзи 24 феврали соли 2016 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  аз таърихи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд.

Дар ҷаласаи имрӯза қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ва тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад. Зеро комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд.

Аз ин рӯ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ  дар 68 ҳавзаи раъйпурсӣ комиссияҳо ҳар кадом дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на кам аз 6 аъзо ташкил карда шуд.

Инчунин бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ муқаррар ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян карда шуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳиятҳои қонунии худ дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин карда, онро тавзеҳ медиҳад.

Бо ин мақсад бо қарорҳои КМИР 5 дастурамал ва як маҷмуаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ карда шуданд. Дастурамалҳои мазкур бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳамаи комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ дастрас карда мешаванд.

 

 

Февраль 24, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд