Машварат барои кишоварзон дар Ҷиликул
Қургонтеппа, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар) — Дар ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон машварат дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосир-омили баланд бардоштани хосили зироати кишоварзӣ» барпо гардид.
Дар машварат иштирокдорон бо техникаи муосири кишоварзӣ шинос шуда, дар бораи истифода ва дастрас кардани техника ва ҳамкорӣ бо ҶСП «Чунтай Хатлон Син Силу» маълумот гирифтанд. Ҳамзамон мутахассисони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон дар бораи навъи тухмии пахта, ки барои иқлими Хатлон мусоид аст, маълумот гирифтанд. Дар назди иштирокдорони машварат раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сухан гуфт.
Дар кори машварат инчунин вазири кишоварзии ҶТ М.Зокирзода, намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ва роҳбарияти ширкати «Чунтай Хатлон Син Силу» ширкат варзиданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






