Моҳи апрел интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад
Душанбе, 19.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- 10 апрели соли равон дар ду ҳавзаи интихоботии кишвар -ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда баргузор мегардад. Дар ин росто бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар барои гузаронидани интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил шуданд.
Бояд зикр кард, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комил Салимзода ба ҳайси вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буданд. Моҳи январи соли равон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Фармони Президенти кишвар ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.








Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд






