Мошин ва аспи зоти тоҷикӣ- шоҳҷоизаи шаҳрдорӣ дар Наврӯз
Душанбе, 24.02.2016.(АМИТ Ховар).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба беҳтарин паҳлавони мусобиқаи гӯштини миллӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим намояд. Ин мусобиқаҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи фархундапай дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз саросари кишвар доир мегарданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе доир гардид, таъкид шуд, ки базмгаҳи наврӯзӣ дар соли равон Наврӯзгоҳи пойтахт бо фарогирии майдони Шаршара буда, дар ин ҷо 21 март барномаи рангини театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳои наврӯзӣ ташкил шуда, ҳунарҳои мардумии шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, ки таҷассумгари оинҳои наврӯзианд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Рӯзи 22 март тантанаҳои наврӯзии шаҳрдорӣ-сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва барномаҳои идонаи консертӣ дар сатҳи ноҳияҳо ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯз 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар назар аст.
Интизор меравад, ки чун анъанаи солҳои қаблӣ 24 март дар маркази шаҳр маъракаи сабзкорӣ ва ниҳолшинонии оммавӣ гузаронида шавад.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






