Мулоқоти намояндагони АНМН бо донишҷӯёни Литсеи касбӣ-техникии Ҷиргатол
Ҷиргатол, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-18-уми феврал намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол бо донишҷӯёни Литсеи касбӣ- техникии ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ меҳмонон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар мавзӯи хариду фурӯши маводи нашъадор, нашъаманд нагардидани ҷавонон ва инчунин шомил нагардидани онҳо ба ҳизбу ҳарактаҳои ифротӣ сухан гуфтанд.
Дар вохӯрӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кунанд.