Мулоқоти Ш. Зуҳуров бо сокинони Тоҷикобод доир ба ташреҳи Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод Шукурҷон Зуҳуров бо камоли ифтихор салому паёми самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таманниёти беҳтаринашонро ба сокинони ноҳияи зебоманзари Тоҷикобод расонид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба сокинон ташакур баён кард, ки бо шарофати раъйҳои онҳо дубора ба мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гардидааст ва ваъда дод, ки тамоми донишу тавоноӣ, таҷрибаву имкониятҳоро сарфи он мекунад, ки ба ин боварии мардум сазовор буда, барои ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидани парлумони кишварамон мусоидат намояд.
Шукурҷон Зуҳуров дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро
шарҳ ва тафсир намуд ва муфассал дар бораи беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, маориф, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ , тандурустӣ, дар самтҳои қонунгузорӣ, дастовардҳои соли 2015 ва мубориза бар зидди экстремизм ва тероризм сухан ронд.
Дар охир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки мо ҳама вазифадорем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои босифат ва дар сатҳи баланд амалӣ гаштани тамоми дастуру супоришҳои дар пайёми имсола омада пайваста кӯшиш намоем.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






