Мулоқоти шаҳрдори Қайроққум бо соҳибкорон
Қайроққум, 09.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Роҷеъ ба вазъи бӯҳрони иқтисодӣ ва дар ин замина дастгирии соҳибкорону роҳбарони коргоҳҳои саноатӣ барои пешбурди кор ва содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда дирӯз шаҳрдори Қайроққум Матлубахон Амонзода бо соҳибкорони шаҳр мулоқоти рӯ ба рӯ доир кард.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуотии раиси шаҳр Рустами Одизода иттилоъ дод, зимни мулоқоти ошкоро, ки он бо иштироки соҳибкорон ва сарварони корхонаҳои саноатии шаҳр доир гашт, раиси шаҳр таъкид дошт, ки соли дуюм аст дар шаҳр бо ҳадафи густариши устувори фаъолият коргоҳҳои истеҳсолӣ тибқи нақшаи мукаммали муайян роҳандозӣ мешаванд. Дар ин замина, новобаста аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ корхонаҳои саноатии шаҳр зимни фаъолият дар соли 2015 тавонистанд ба маблағи 1 млрд. 146 млн. 79,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 192,1 млн. 430,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






