Мусодираи зиёда аз 1 тонна маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони АНМН
Душанбе, 5.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 676 кг 379 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Аз ин шумора зиёда аз 1 тонна маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар мусодира шудааст»,-чунин иброз намуд роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Салимзода Шерхон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба иттилои роҳбари ин ниҳод, дар ин муддат ҳамчунин аз тарафи мақомоти салоҳиятдори ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 ҳазору 233 ҳаби МДМА (Метиле́ндио́ксиме́тамфетами́н) мусодира гардид, аз ин шумора 5 439 ҳаб ба агентӣ рост меояд ва 48 % ҳаҷми умумии онҳоро ташкил менамояд.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






