Мутахассисонии Палатаи ҳисоб дар кишварҳои пешрафта касбияташонро баланд бардоштанд
Душанбе,09.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Мутахассисони Палатаи ҳисоби кишвар донишу малакаи худро дар бархе аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон тақвият мебахшанд. Дар ин росто, дар соли сипаришуда кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар машғулиятҳои бозомӯзӣ, ки дар кишварҳои Русия, Эрон, Туркия, Корея, Малайзия ва Арманистон доир гардиданд, фаро гирифта шуданд.
Ба машғулиятҳои омӯзишӣ ҷалб намудани кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар доираи таҳкими ҳамкории ин мақоми олии назорати молиявии кишвар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба мисли «INTOSAI», «ECOSAI», «ASOSAI» ҷараён гирифтааст.
Дилмурод Давлатзода-раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ мегӯяд, ки машғулиятҳои бозомӯзӣ фарогири мавзӯъҳои татбиқгардонии меъёрҳои байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ, баҳодиҳӣ ба низоми аудити дохили мақомоти тобеъ аз ҷониби мақомоти олии назорати молиявӣ, таҳияи меъёрҳои назорати давлатии молиявӣ /аудит/ барои мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






