Нақшаи бунёди корхонаи меваю сабзавот бо арзиши 400 ҳазор сомонӣ
Исфара,10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Cоҳибкор Абдуманнон Эрматов тасмим дорад, дар давоми ду соли оянда аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара корхонаи коркарди меваю сабзавотро бо арзиши лоиҳавии 400 ҳазор сомонӣ бунёд намояд.
Дар ин бора Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар симои раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкор Абдуманнон Эрматов ба имзо расид.
Ёддошти мазкур дар мулоқоте, ки Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо роҳбарони корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, рӯйи кор омад.
Абдуманнон Эраматов соҳибкори муваффақ дар соҳаи саноати коркарди меваю сабзавот дар Исфара ба ҳисоб рафта, сарвари корхонаи хурди консервабарории «Субҳи Ватан» мебошад. Корхонаи «Субҳи Ватан» алҳол бо хоҷагиҳои кишоварзӣ барои харидории меваю сабзавот шартномаҳо баста истодааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






