Нақшаи омӯзиши фаъолият тасдиқ шуд
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва расонидани кумаки амалӣ-методӣ ба шуъбаю бахшҳои зертобеъ омӯзиши пурраи фаъолияти онҳоро ба нақша гирифт.
Тибқи нақшае, ки 12 феврали соли 2016 тасдиқ гардид, дар навбати аввал фаъолияти шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар 10 шаҳру ноҳия омӯхта мешавад. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ кормандони ботаҷриба ва собиқадори раёсат дохил шудаанд.
Омӯзиши фаъолият аз 15 то 25 феврал идома меёбад.