Нисбат ба ронандагони мошинҳои гаронвазн муҷозоти маъмурӣ муқаррар мешавад?

Февраль 10, 2016 08:31

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфи зиёди маблағҳои  буҷавӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ садҳо километр роҳҳои мошингард таҷдид ва аз сари нав  барқарор мешаванд. Ин ҳолат бо сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраршудаи    истифодаи роҳҳо аз ҷониби ронандагон, ки бо мошинҳои гаронвазн ва калонҳаҷм аз роҳҳои мошингард убур намуда, бо ҳамин  сабабгори заиф гардидани ҳолати техникии он ва зуд вайрон шудани онҳо мегардад, ба амал меояд. Дар ин бора муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Зулфия Ёрова дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ибрози ақида намуд.

Ҳарчанд ҳоло қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон.  “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо бор ва андозҳое, ки аз меъёри муқарраршуда зиёданд” ва  “Дар бораи  ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо  дар роҳҳои мошингарди истифодаи умум” амал мекунанд, аммо масъалаи танзими нақлиёти гаронвазн ҳанӯз ҳал нашудааст.

«Инчунин барои риоя накардани  талаботи маҳдудияти мавсимӣ (аз 1 май то 31 август) бо қарори дар боло овардашуда муқаррарот вобаста ба татбиқи муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ нашудааст»,-илова намуд Зулфия Ёрова.

Муовини вазири нақлиёт аз намояндагони мардумӣ тақозо намуд, ки дар моддаҳои 311 ва 323-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, нисбат ба ронандагони мошинҳои  гаронвазн муҷозоти маъмурӣ муқаррар шавад. Ҳамчунин нисбат ба ронандагони кишварҳои хориҷӣ, ки талаботи Созишномаи  байналмилалиро дар самти ҳаракати худ  риоя намекунанд,  низ ҷаримабандӣ ва ё муҷозоти маъмурӣ татбиқ  шаванд.

Зулфия Ёрова  чунин мешуморад, ки ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳифзи бозори дохилӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои интиқолдиҳандагони ватанӣ дар пешбурди фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии мошинӣ ва таъмини иҷрои талаботи  Созишномаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Февраль 10, 2016 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст