Ноҳияи Ҳамадонӣ: Соли 2015 шароити мактабҳо беҳтар гардид

Февраль 4, 2016 10:07

Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — — Дар соли 2015 дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо мақсади беҳтар кардани шароити мактабҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 810 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ ва бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия ба анҷом расида, барои истифода омода гардиданд, — иттилоъ дод Абдуқодир Вализода, раиси ноҳия зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
— Ҳоло сохтмони муассисаи таълимии №43, бинои муассисаи нотамом дар деҳаи Пушкин барои 624 хонанда, 6 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №39 ва сохтмони дигар муассисаҳои таълимӣ босуръат идома дорад, зикр намуд Абдуқодир Вализода.

Февраль 4, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид