Олмон барои гурезагоне, ки ба ҷомеаи онҳо омехта намешаванд, кумакпулиро кам мекунад

Февраль 2, 2016 10:41

Душанбе, 02.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Ба он гурезагоне, ки дар курсҳои забономӯзӣ иштирок кардан намехоҳанд ва ба арзишҳои хоси Олмон эҳтиром намегузоранд, кумакпулии кам дода хоҳад шуд. Дар ин бора вазири меҳнат ва корҳои иҷтимоии Олмон Андреа Налес хабар медиҳад.
«Мо кумакпулии онҳоеро, ки хоҳиши бо мо омехта шудан надоранд, кам мекунем», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, гурезагон бояд дар курсҳои забони олмонӣ иштирок карда, қоидаҳои рафторро, ки дар Олмон қабул шудаанд, риоя намоянд.
«Раванди омехташавӣ дар он вақт муваффақ мегардад, ки агар ҳар фард, махсусан худи гурезагон ба он саҳми худро гузоранд. Ҳар касе, ки ба ин ҷо барои гирифтани ҳимоя ва оғози зиндагии нав меояд, бояд қоидаҳо ва арзишҳои моро риоя намояд», — зикр кард ӯ.
Бояд гуфт, ки соли 2015 ба Олмон қариб 1,1 миллион гурезагон, пеш аз ҳама, аз Сурия ва Ироқ ворид шудаанд. Канслери Олмон Ангела Меркел итминон дорад, ки онҳо пас аз анҷоми ҷанг дар кишварашон аз Олмон мераванд.

Февраль 2, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид