Омӯзиши ҷараёни татбиқи қарор
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Гурӯҳи кории бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Зафаробод роҳандозӣ гардид. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамзамон намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳия шомил буданд.
Мақсад аз ташкили сафарҳои корӣ омӯзиши ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016” буд.
Мувофиқи нақшаи кории Раёсат гурӯҳи корӣ бо ҷараёни бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурӣ ва кӯчонидани аҳолӣ шинос шуд.