Ҷоми Аврупо: “Локомотив”-и Черевченко ноком шуд
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар варзишгоҳҳои Аврупо бозиҳои баргашти 1\16 ниҳоии Ҷоми Аврупо ба анҷом расиданд. “Локомотив”-и Маскав, ки онро собиқ бозингари “Помир”-и Душанбе Игор Червченко машқ медиҳад, дар бозии ҷавобӣ бо “Фенербахче”-и Туркия ба натиҷаи мусовии 1 бар 1 ноил шуда, ҳуқуқи давом додани мусобиқаро барои Ҷом аз даст дод. Бозии аввали ин дастаҳо дар Туркия бо ҳисоби 2 бар 0 бо пирӯзии соҳибони майдон ба анҷом расида буд.
Ба ҳамин тариқ дар лигаи Аврупо ҳама дастаҳои Русия аз мубориза барои Ҷом берун шуданд. Аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо “Шахтёр”-и Украина дар бозии баргашт бар “Шалке-04” дар сафар бо нишондоди 3 бар 0 ғалаба карда, ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирифт. Имрӯз қуръакашии бозиҳои минбаъда дар шаҳри Нион барпо мегардад. Натиҷаи бозиҳои рӯзи гузашта чунинанд:
ФЕНЕРБАХЧЕ (Туркия) — ЛОКОМОТИВ (Русия) — 2:0, 1:1
СПАРТА (Чехия) — КРАСНОДАР (Русия) — 1:0, 3:0
БОРУССИЯ (Д, Олмон) — ПОРТУ (Португалия) — 2:0, 1:0
ФИОРЕНТИНА (Италия) — ТОТТЕНҲЭМ (Англия) — 1:1, 0:3
ВИЛЯРРЕАЛ (Испания) — НАПОЛИ (Италия) — 1:0, 1:1
ШАХТЕР (Украина) — ШАЛКЕ (Олмон) — 0:0, 3:0
АУГСБУРГ (Олмон) — ЛИВЕРПУЛ (Англия) — 0:0, 0:1
МИТЮЛЛАНД (Дания) — МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД (Англия) — 2:1, 1:5
СПОРТИНГ (Португалия) — БАЙЕР (Олмон) — 0:1, 1:3
ГАЛАТАСАРАЙ (Туркия) — ЛАТСИО (Италия) — 1:1, 1:3
ВАЛЕНСИЯ (Испания) — РАПИД (Австрия) — 6:0, 4:0
СЕВИЛЯ (Испания) — МОЛДЕ (Норвегия) — 3:0, 0:1
МАРСЕЛЬ (Фаронса) — АТЛЕТИК (Испания) — 0:1, 1:1
АНДЕРЛЕХТ (Белгия) — ОЛИМПИАКОС (Юнон) — 1:0, 2:1
СЕНТ-ЭТЕН (Фаронса) — БАЗЕЛ (Швейтсария) — 3:2, 1:2
СИОН (Швейтсария) — БРАГА (Португалия) — 1:2, 2:2








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






