Қосимзода Идигул: Либоспӯшии занон озод аст

Февраль 4, 2016 16:02

Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қосимзода Идигул зимни нишасти матбуотӣ дар бобати фарҳанги либоспӯшии ҷавондухтарон сухан карда, таъкид дошт, ки бигузор духтарон ҳар гуна либосе, ки мехоҳанд, ба бар кунанд. Аммо либосеро ба худ мувофиқ донанд, ки шинам ва зебо бошад ва аз либоси ба бар намудаи худ дар назди мардум шарм накунанд.
Раиси кумита аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯз дар кӯчаҳо бархе аз духтарон бо либоси нимбараҳнаю қисми дигар пурра маҳкам мегарданд, ки хоси зани тоҷик нест.
Дар робита ба либоси сиёҳу аз сар то по пӯшида раиси кумита гуфт, ки таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб нишон доданд, ки дар сурати пурра маҳкам кардани сару рӯй ба бадан ҳаво намерасад ва баъзеи онҳо ба касалиҳои пӯст гирифтор мешаванд.
«Либоспӯшии занон озод аст, мо танҳо даъват мекунем, ки либоси бонувони тоҷик бояд шинам ва ба онҳо зебанда бошад»,-илова намуд Қосимзода Идигул.

Февраль 4, 2016 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд