Паём-идомабахши татбиқи нақшаю ҳадафҳои созанда
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ идомабахши татбиқи нақшаю ҳадафҳои созандаю бунёдгузор буда, барои ривоҷу равнақи ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ нигаронида мешавад. Дар доираи корҳо барои ободию осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва равона намудани неруву иқтидори сокинони меҳнатқарини диёри зебоманзар дар ноҳияи Ғончӣ бо сокинони деҳаҳои Қалъачаи Раис ва Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Ғазантарак мулоқот баргузор гардид.
Иштирокдорони мулоқот ҷавононро ба меҳнати содиқона ҳидоят намуда, аз пеша намудани роҳи дурусти созанда ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунию ифротгароёна сухан карданд. Инчунин даъват шуд, ки дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбуб ҷавонмарди асил бошанду хизмати ҳарбиро ҳамчун қарзи фарзандӣ дар назди падару модари худ донанд.
Ҳамчунин бобати Паём ва тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда Сарвар Саидов, намояндаи «Созандагони Ватан» иброз дошт, ки ин тағйирот ба хотири Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол равона гардидаанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






