«Пешоҳанг» мактабиёнро ба ватанпарастӣ даъват мекунад
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Хован»).- Гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ тӯли чанд рӯз бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 24, 76, 51, 58, 74, 77, 78, 17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо дар мавриди Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва доир ба мавзӯъҳои «Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон» ва «Роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» сухан рафта, иштирокдорон ба ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб даъват шуданд.
Мақсади вохӯрӣ хабардор гардонидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фаъолияти гурӯҳҳои ифротию тундгаро, оқибати фаъолияти ташкилоти террористӣ дар давлатҳои алоҳида ва хатари онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ майори милитсия Муборакшо Бадалов оид ба риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан карда, изҳор дошт, ки мактаббачагон ба корҳои беҳуда машғул нашуда, аз пайи омӯхтани илму дониш бошанд ва аз амалу кирдорҳои номатлуб парҳез намоянд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






