Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш ҳадафҳои асосии давлатро муайян намуд
Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 2 феврал оид ба мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи махсус доир гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон оид ба масъалаи дар Паём ироагардида гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят ҳассос — мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризму экстремизм ва шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ироа намуд, ки он ҳамчун дастурамали зиндагиномаи мо пурра ба самти таҳкими оромиву суботи комил ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум, дастгирӣ аз соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим ва боло рафтани обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нигаронида шуда, дар шакли дастур ва барномаи амал заминагузори рушди минбаъдаи мамлакат гардид.
Сангинзода Эмин иброз намуд, ки Сарвари муаззами мо зимни ироаи Паёми хеш ҳадафҳои асосии давлатро муайян намуда, доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсолон, ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар шаклҳои касбӣ барои духтарони хонашин ва дар ин росто, паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар ба як зумра вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки дар байни мардум мақоми хосеро касб намуданд.








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






