Равияҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Душанбе, 03.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Равияҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ» доир гардид. Саломатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти ҶТ дар рафти мизи мудаввар гуфт, имрӯз донишҷӯён бояд на танҳо забонҳои хориҷӣ, балки аввал забони давлатии худро хуб донанд. Забони давлатии мо дар ҷаҳон дар ҷойи 13-ум қарор дорад. Дар баробари омӯзиши забони русиву англисӣ дар донишгоҳҳо бояд забони давлатӣ ҳам ба роҳ монда шавад.
Дар мизи мудаввар устодону донишҷӯёни ДДМ ширкат дошта, оид ба «Баъзе усулҳои таълими забони давлатӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ», «Рушди фарҳанги забон дар таълими забонҳои хориҷӣ», «Омӯзиши забони русӣ аз тариқи технологияҳои муосир» ва «Ҳавасмандсозӣ ва баланд бардоштани усули таълими забонҳои хориҷӣ» маърӯза карданд.
Мизи мудаввар бо ташаббуси кафедраи лингвистикаи факултети гуманитарии филиали донишгоҳ ба роҳ монда шуда, он барои амалӣ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба такмил додани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2020» равона шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






