Суғд: Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Февраль 2, 2016 09:44

Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо назардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият 11 март дар вилояти Суғд Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад.
Раисони шаҳру навоҳии вилоят вазифадор мешаванд, ки иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддиву маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон, кормандони матбааҳо ва собиқадорони матбуот тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ташкили мулоқоту нишастҳо, аёдати собиқадорон, баргузор кардани озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Андар Раҳмонӣ, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Февраль 2, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»