Тағйиру иловаҳо асоси дунявият ва рушди кишваранд

Февраль 27, 2016 10:54

Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -«Давлатдории муосир ва демократӣ бояд ҳамарўза дар рушду нумўъ ва такомул бошад ва аз ҷиҳати рушди босуботи ҷомеа тағйир пазирад»,- гуфт директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Назарзода С. зимни ҷаласаи васеъ перомуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро, ки тибқи раъйпурсии умумимиллӣ баргузор мегардад, аз шартҳои ҷомеаи мутамаддин ва асоси давлатҳои дунявӣ шуморида, таъкид намуданд, ки Конститутсияи кишвари мо вобаста ба замони гузашта ва давраҳои ҳассоси таърихӣ қабул гардида, дар асоси рушди ҷомеа ба тағйирот ниёз дорад. Асоси давлатдории муосир низ ҳамин аст, ки қонунҳо догма набуда, вобаста ба ҷамъият ва низоми давлатдорӣ танзим ва таҳия мегарданд.
«Шўрои илмӣ-методӣ»-и Китобхонаи миллӣ низ дар навбати худ ҷонибдории худро аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар изҳор намуда, онро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.
Пешниҳод шуд, ки дар шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар Китобхонаи миллӣ «Китобдор», Иттифоқи касабаи кормандони Китобхонаи миллӣ, Шўрои занон ва Иттифоқи ҷавонони Китобхонаи миллӣ низ дар якҷоягӣ аз тағйиру иловаҳо ҷонибдорӣ намуда, онро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Февраль 27, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад